СЭЗ РТ - Зоны стабильных инвестиций
  • Печать
  • Карта сайта
  • Печать Обратная связь Карта сайта
+992 (37) 223-17-51

Анҷумани байналмилалии иқтисодии “Суғд-2018”

3-10-2018, 09:57

 

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Маъмурияти МОИ “Суғд” ва шарикони байналмилалии рушд санаи 11 октябри соли ҷорӣ, дар Қасри фарҳангии “Суғдиён”-ш. Хуҷандсоати 8:30 субҳ Анҷумани байналмилалии иқтисодии “Суғд-2018”-ро бахшида ба 10-солагии таъсисёбии минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баргузор менамоянд

Баргузории Анҷуман дар қатори фароҳам овардани замина ҷиҳати барпо намудани алоқаҳои ҳамкорӣ бо доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории ватаниву хориҷӣ, инчунин таҳлили дастовардҳои кунунӣ ва ояндаи пешрафти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистонро пайгарӣ менамояд. Бағайр аз ин, дар муҳтавои масъалаҳои баррасишаванда, масъалаи омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои ҳамсоя дар ин соҳа басо муҳим арзёбӣ карда мешавад.

Аз ҳамин лиҳоз ,бо камоли эҳтиром Шумо ва намояндагони ширкати Шуморо ба Анҷумани мазкур даъват менамоем.

Лутфан иштироки худро тариқи тамос бо рақами телефонӣ ва ё почтаи электронии зеровардашуда то 5 октябри соли ҷорӣ тасдиқнамоед.

Маълумот барои иртибот:                               

infofez@mail.ru (+992 37) 2231751   (+992) 44 630-11-90, inter@fezsughd.tj


13 апреля 2021, вторник
Валюта Покупка Продажа НБТ
10.3100 10.3300 11.3000
12.2500 12.2700 13.6594
0.1375 0.1405 0.1485
NAME TIME LAST CHG%
ММВБ 21:55 2327,64 -0,214%
РТС 21:55 1201,32 0,794%
Brent 21:40 79,74 0,416%
DJIA 21:40 24972,87 -0,162%
Nasdaq 21:40 7390,752 -0,044%
FTSE 21:40 7877,45 0,233%
Как Вы оцениваете развитие СЭЗ в Республике Таджикистан?