СЭЗ РТ - Зоны стабильных инвестиций
  • Печать
  • Карта сайта
  • Печать Обратная связь Карта сайта
+992 (37) 223-17-51

Изҳороти Анҷумани байналмилалии иқтисодии "Суғд - 2018" «10 соли рушди устувор»

11-10-2018, 17:28
 

Санаи 11 октябри соли 2018 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ "Суғд - 2018" дар мавзӯи «10 соли рушди устувор»  баргузор гардид.


Мақсад аз баргузории анҷуманҳои мазкур ташкили шароити мусоид барои муколамаву шиносоӣ, густариши ҳамкориҳо ва дастгирии муносибатҳои байни намояндагони мақомотҳои давлатӣ, бахши хусусӣ дар маҳал ва сармоягузорони хориҷӣ, инчунин дар ин замина таҳияи пешниҳодҳо барои мукаммалгардонии санадҳои меъёрию ҳуқуқии фаъолияти минтақаҳо ҷиҳати ҳалли камбудиҳои мавҷуда мебошад.


          Дар Анҷуман муарифии минтақаи махсуси Алабуга (Федератсияи Россия), минтақаҳои озоди иқтисодӣ  «Онтустик» (Қазоқистон), Урғут (Ӯзбекистон), Нарин ва Лиекеки (Қирғизистон) баргузор гардид. Илова бар ин, аз Тоҷикистон, роҳбарони се минтақаи озоди иқтисодӣ  «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» иштирок карданд.


          Намояндагони минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар, Русия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Анҷуман иштирок карданд, омодагии худро доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо истифода аз фоидаҳои андоз ва афзалиятҳои пешкашшудаи давлатҳои мамлакати худ изҳор намуданд.


Иштирокчиёни Анҷуман дар рафти муҳокимаҳо доир ба муайян кардани формати ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд. Ҳамзамон, ҷонибҳо як қатор пешниҳодҳоеро, ки ба кӯмаки татбиқи барномаҳои миллӣ ва рушди ҳамкорӣ байни Федератсияи Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шудаанд, пешниҳод карданд.


           Дар ҷараёни муҳокимаҳо намояндагон аз МОИ дар бораи роҳҳо ва формулаи ҳамкориҳои имконпазир миёни намояндагони активҳои дар ҳудуди худ фаъолиятдошта ва зарурати ҳамоҳангсозии идораҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ сӯҳбат карданд. Инҷунин, иштирокчиёни Анҷуман аз фаъолияти истеҳсолии  якчанд корхонаҳои МОИ «Суғд» шинос шуданд. Қарор дода шуд, ки пешниҳодҳо ва тавсияҳо оид ба имконпазирии таъсиси ҳамкории дуҷонибаро барои баррасии роҳбарони субъектҳои МОИ пешниҳод намоянд. Дар охир Протокол дар бораи ҳамкорӣ байни МОИ "Суғд" (Тоҷикистон) ва "Онтустик" (Қазоқистон) ба имзо расид, ки ин аввалин ҳуҷҷати расмӣ миёни минтақаҳои озоди иқтисодии Қазоқистон ва Тоҷикистон гардид.


22 июля 2019, понедельник
Валюта Покупка Продажа НБТ
9.4200 9.4400 9.4396
10.6100 10.6300 10.6196
0.1485 0.1515 0.1445
NAME TIME LAST CHG%
ММВБ 21:55 2327,64 -0,214%
РТС 21:55 1201,32 0,794%
Brent 21:40 79,74 0,416%
DJIA 21:40 24972,87 -0,162%
Nasdaq 21:40 7390,752 -0,044%
FTSE 21:40 7877,45 0,233%
Как Вы оцениваете развитие СЭЗ в Республике Таджикистан?