СЭЗ РТ - Зоны стабильных инвестиций
  • Печать
  • Карта сайта
  • Печать Обратная связь Карта сайта
+992 (37) 223-17-51

Сафари кории намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба шаҳри Кӯлоб

2-05-2019, 16:39

1 майи соли 2019 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо семинари омӯзиши дар мавзӯи «Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар семинари номбурда зиёда аз 40 нафар  сармоягузорони маҳаллӣ ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузории семинари номбурда ин додани маълумот ба сокинону сормоягузорони шаҳри Кӯлоб оид ба имкониятҳо ва имтиёзҳое, ки  дар минтақаи озоди иқтисодӣ пешбини шудаанд мебошад. Ҳамзамон, дар доираи сафар ба шаҳри Кулоб намояндагони Вазорат аз мавзеи минтақаи озоди иктисодии навтаъсиси «Кӯлоб» боздид намуданд.

Бояд қайд намуд ки, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  1 марти  соли 2019, №98 дар шаҳри Кӯлоби вилояти хатлон дар масоҳати 309 гектар замин  минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар намуди саноатию инноватсионӣ таъсис дода шуд.

Мақсади асосии  таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»   ин татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноаткунонии мамлакат инчунин таъмини шароити мусоид ба рушди иқтисодиёт аз ҷумла ҷалби сармояи хориҷиву дохилӣ, бунёд намудани корхонаҳои замонавӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар шаҳри Кӯлоб мебошад.  


22 июля 2019, понедельник
Валюта Покупка Продажа НБТ
9.4200 9.4400 9.4396
10.6100 10.6300 10.6196
0.1485 0.1515 0.1445
NAME TIME LAST CHG%
ММВБ 21:55 2327,64 -0,214%
РТС 21:55 1201,32 0,794%
Brent 21:40 79,74 0,416%
DJIA 21:40 24972,87 -0,162%
Nasdaq 21:40 7390,752 -0,044%
FTSE 21:40 7877,45 0,233%
Как Вы оцениваете развитие СЭЗ в Республике Таджикистан?