СЭЗ РТ - Зоны стабильных инвестиций
  • Печать
  • Карта сайта
  • Печать Обратная связь Карта сайта
+992 (37) 223-17-51

Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб» дастовардҳои митақаҳои озоди иқтисодии кишвар муаррифӣ гардиданд

14-06-2019, 10:53

Дар кори Форуми байналмилалии сармоягузории “Кӯлоб”, ки рузи 14 июни соли равон бо раисии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин панел дар мавзӯи ‘‘Митақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун омили суръатбахши саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикисгон” муаррифӣ карда шуд.

Дар доираи чорабинӣ роҳбари Гурӯҳи корӣ оид ба пешравиҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрро муаррифӣ намуда, вобаста ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, бахусус таъмини аҳолӣ бо оби нушокӣ, норасогии оби полезӣ барои соҳаи кишоварзӣ, зарурати сохтмону таъмири муассисаҳои таълимию тиббӣ ва роҳҳо, норасогии инфрасохтори муосири сайёҳӣ ва мушкилоти хизматрасонии коммуналӣ ва партовҳои сахти маишӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод кард.

Инчунин дар панели қайдгардида таҷрибаи минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара”, “Суғд”, “Панҷ” ва "Ишкошим” барои фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” пешниҳод гардид.

Дар намоишгоҳи Форуми байналмилалии сармоягузории “Кӯлоб" молҳои истеҳсолнамудаи минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ба намоиш гузошта шуда, ҳамзамон ба Тасдиқнома оид ба субъекти Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ҶДММ «Тахор Тоҷикистон Пластик» сармоягузори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Хушмуҳаммад Лоло супорида шуд, инчунин Ёддошти тафоҳум байни МОИ «Панҷ» ва «Бонки сармоягузории муттаҳид», сармоягузорони  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб директории иҷроия Салими Муҳаммад Ҷамил ба имзо расонида шуд.

 Дар охир Завқизода 3. А. аз шарикони рушд даъват ба амал овард, ки бо назардошти мавҷуд будани имконияҳои хуби сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва таърихию фарҳангӣ ба ҷалб намудани маблағҳои зарурӣ барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб мусоидат намоянд.
           


5 августа 2020, среда
Валюта Покупка Продажа НБТ
9.6800 9.7000 9.4396
10.6000 10.6200 10.6196
0.1480 0.1510 0.1445
NAME TIME LAST CHG%
ММВБ 21:55 2327,64 -0,214%
РТС 21:55 1201,32 0,794%
Brent 21:40 79,74 0,416%
DJIA 21:40 24972,87 -0,162%
Nasdaq 21:40 7390,752 -0,044%
FTSE 21:40 7877,45 0,233%
Как Вы оцениваете развитие СЭЗ в Республике Таджикистан?