СЭЗ РТ - Зоны стабильных инвестиций
  • Печать
  • Карта сайта
  • Печать Обратная связь Карта сайта
+992 (37) 223-17-51

Анҷумани иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ

11-10-2019, 09:34

Рӯзи 11 октябри соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ, корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ Анҷумани иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Имкониятҳо барои рушд» -«Кӯлоб-2019» баргузор гардид.

Сараввал бо сухани ифтитоҳии худ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба кори Анҷуман оғоз бахшида, ёдовар шуданд,ки чунин анҷуманҳо бо мақсади ҷалби сармояи ҳориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ варушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил карда мешаванд. То имрӯз дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳру ноҳояҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва минтақаи Рашт як чунин анҷуманҳои иқтисодӣ бавуқӯъ пайвастааст.

Инчунин дар рафти кори анҷуман аз ҷониби роҳбарони маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар рӯнамоҳо вобаста ба фаъолият ва рушди МОИ бо забони модариву хориҷӣ ба ҳозирин пешкаш гардида, филми кутоҳ бо чор забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ) дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодиикишвар намоиш дода шуд.

Қайд бояд намуд, ки дар нимаи дуюми рӯз маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва ҶДММ «Пиштоз Посгард Тоҷикистон», Ёддошти тафоҳум дарбораи ҳамкорӣ ҷиҳати расонидани кӯмаки амалӣ ба минтақаи озоди иқтисодии«Кӯлоб» миёни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати расонидани кӯмаки амалӣ ба минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» миёни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ҶСК «Такстелеком»-и шаҳри Тюмени Федератсияи Россия сурат гирифт.

Ҳамчунин иштирокчиёни Анҷуман аз намоиши молҳои истеҳсоли минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар, аз Минтақаи навтаъсиси озоди иқтисодии «Кӯлоб», фаъолияти корхонаи истеҳсоли риштаи ҶДММ «Кӯлоб - Текстайл», ҶДММ «Комбинати хоҷагӣ» ва маҷмааи кишоварзӣ-саноатии «Кӯлоб» дидан намуданд.

 


12 ноября 2019, вторник
Валюта Покупка Продажа НБТ
9.6800 9.7000 9.4396
10.6000 10.6200 10.6196
0.1480 0.1510 0.1445
NAME TIME LAST CHG%
ММВБ 21:55 2327,64 -0,214%
РТС 21:55 1201,32 0,794%
Brent 21:40 79,74 0,416%
DJIA 21:40 24972,87 -0,162%
Nasdaq 21:40 7390,752 -0,044%
FTSE 21:40 7877,45 0,233%
Как Вы оцениваете развитие СЭЗ в Республике Таджикистан?