СЭЗ РТ - Зоны стабильных инвестиций
  • Печать
  • Карта сайта
  • Печать Обратная связь Карта сайта
+992 (37) 223-17-51

Фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

9-03-2021, 15:25
То имрӯз дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 72 ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст.
 
Айни замон, дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ҳамагӣ 1091 корманд кору фаолият мекунанд. Аз шумораи умумии кормандон 350 нафар ба МОИ «Данғара», 668 нафар ба МОИ «Суғд», 34 нафар ба МОИ «Панҷ» 20 нафар ба МОИ «Ишкошим» ва ба МОИ «Кӯлоб» 19 нафар рост меояд.
 
Вобаста ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар минтақаҳо бояд иброз дошт, ки дар соли 2020 ба маблағи 199,81 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст. Дар МОИ «Суғд» 165,26 млн. сомонӣ, МОИ «Данғара» 34,5 млн. сомонӣ, МОИ «Панҷ» 0,0млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Аз оғози фаоълияти минтақаҳои озоди иқисодӣ дар маҷмӯъ маҳсулоти саноатӣ, хизматрасонӣ ва амалиётҳои воридоту содироти ба маблағӣ 941,6 млн.сомонӣ баробар гардид.
 
Ҳаҷми сармоягузории мустақим дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар дар соли 2020 ба 43,3 млн. сомонӣ баробар гардид. Саҳми асосии сармоягузориҳои азхудшуда ба минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд»16,9 млн. сомонӣ «Данғара» 24,3 млн. сомонӣ ва «Панҷ» 2,1 млн.сомонӣ рост меояд.

Дар соли 2020 ҳамагӣ 72 ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст. Дар МОИ «Суғд»  19 субъектҳои ватанӣ, 6 субъектҳои хориҷӣ ва 5 субъектҳои муштарак мебошад. Дар МОИ «Данғара» 9 субъектҳои ватанӣ ва 16 субъектҳои хориҷӣ мебошад. Дар МОИ «Панҷ» 4 субъектҳои ватанӣ, 3 субъектҳои хориҷӣ ва 4 субъектҳои муштарак мебошад. Дар МОИ «Ишкошим» 5 субъекти ватанӣ мебошад. Дар МОИ «Кӯлоб» 1 субъекти ватанӣ мебошад.

 



 
 
 

 


13 апреля 2021, вторник
Валюта Покупка Продажа НБТ
10.3100 10.3300 11.3000
12.2500 12.2700 13.6594
0.1375 0.1405 0.1485
NAME TIME LAST CHG%
ММВБ 21:55 2327,64 -0,214%
РТС 21:55 1201,32 0,794%
Brent 21:40 79,74 0,416%
DJIA 21:40 24972,87 -0,162%
Nasdaq 21:40 7390,752 -0,044%
FTSE 21:40 7877,45 0,233%
Как Вы оцениваете развитие СЭЗ в Республике Таджикистан?