СЭЗ РТ - Зоны стабильных инвестиций
  • Печать
  • Карта сайта
  • Печать Обратная связь Карта сайта
+992 (37) 223-17-51

Миёни МОИ-и Тоҷикистон ва ширкатҳои Санк-Петербург санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд

16-04-2021, 15:25

Россия яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли2020 гардиши савдо байни ду кишвар 973,6 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ин нукта зимни мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо ҳайати соҳибкорони шаҳри Санкт-Петербурги Россия таҳти  роҳбарии Марк Руслан дар Душанбе зикр шуд.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Дар мулоқот мусоҳибон лоиҳаҳои афзалиятноки рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ба имзо расонии Ёддошти тафоҳум байни минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ширкатҳои Санкт-Петербургро баррасӣ намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкории судманд изҳор доштанд.


26 сентября 2021, воскресенье
Валюта Покупка Продажа НБТ
10.3100 10.3300 11.3000
12.2500 12.2700 13.6594
0.1375 0.1405 0.1485
NAME TIME LAST CHG%
ММВБ 21:55 2327.64 -0.214%
РТС 21:55 1201.32 0.794%
Brent 21:40 79.74 0.416%
DJIA 21:40 24972.87 -0.162%
Nasdaq 21:40 7390.752 -0.044%
FTSE 21:40 7877.45 0.233%
Как Вы оцениваете развитие СЭЗ в Республике Таджикистан?