СЭЗ РТ - Зоны стабильных инвестиций
  • Печать
  • Карта сайта
  • Печать Обратная связь Карта сайта
+992 (37) 223-17-51

Ифтитоҳи Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча - мебел” дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”

28-06-2018, 14:59

26 июн дар шаҳри Хуҷанд Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча - мебел” - родар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арча” дар минтақаи озодииқтисодии “Суғд” ифтитоҳ карданд.

Корхонаи нави муштараки ТоҷикистонуТуркия “Арча - мебел” аз тарафи муассисон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди“Фортуна ва Компания”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “УчЮлдиз” - и Туркиябунёд шуд.

Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 9 миллионсомониро ташкил медиҳад. Саҳмгузорон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортунава Компания”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “УчЮлдиз” - и Туркия ва Бонкиаврупоии таҷдид ва рушд мебошанд.

Масоҳати умумии корхона беш аз 7ҳазор метри мураббаъ, аз ҷумла масоҳати биноҳои истеҳсолӣ наздики 3 ҳазор метримураббаъ мебошад.

Таҷҳизотҳои технологии замонавиикорхонаи нав аз Туркия, Италия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст.Барои истеҳсоли маҳсулот 80 фоиз ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, боқимонда азкишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Федератсияи Россия, Белорусия, Туркия, ҶумҳурииӮзбекистон ворид мегардад.

Истеҳсолот дар ду бахш ба роҳ мондамешавад, дар бахши аввал мебел бо истифодаи профилҳои гуногуни оҳанӣ, верзалитбарои муассисаҳои томактабӣ, таълимгоҳҳо, шифохонаҳо ва дар бахши дуюм боистифодаи тахтачубҳои гуногун фурнитура ва дигар мебелҳои умумӣ, биноҳоимаъмурӣ, маишӣ ва ғайра сохта мешаванд.

Дар коргоҳи мазкур беш аз 50 ҷойинави корӣ таъсис дода шуд. Иқтидори истеҳсолӣ дар 2 бахш пешбинӣ гардидааст.

Номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда -мебелҳо барои муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимӣ ва таълимии махсус,муассисаҳои маишӣ, хонаҳои шахсӣ, муассисаҳои маъмурӣ, корхонаҳо ва дар ояндамебел барои муассисаҳои соҳаи тандурустӣ.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз зимни яксафари қаблии корӣ ба вилояти Суғд ва боздид аз Ҷамъияти дорои масъулиятимаҳдуди “Арча” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватандӯстДадохон Очилов дастур дода буданд, ки ба хотири рушди истеҳсоли маҳсулоти худииба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир, ашёи воридотивазкунанда, мизу курсиҳо бароитаъмини талаботу эҳтиёҷи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо ворид карданитехнологияи муосир як коргоҳи навро таъсис диҳанд.

Инак барои дар амал татбиқ карданиҳидоятҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафироҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арча” коргоҳи наву муосир боҷалби сармояи хориҷӣ таъсис ёфт.

Дар саҳни ҳавлии корхона аз тарафиширкат намоиши маҳсулоти мухталифи истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла дару тирезаҳо,мизу курсиҳо, ҷевон, рахти хоб ва дигар ҷиҳози зарурии рӯзгор барпо карда шуд.Зимни шиносоӣ бо дастовардҳои корхона Пешвои миллат ба сифати маҳсулот ва тарҳионҳо баҳои баланд доданд. Дастур дода шуд, ки барои таъмини талаботу эҳтиёҷотимардум ба ҷиҳози хона коргоҳҳо, намоишгоҳҳо ва мағозаҳои фуруши маҳсулотикорхона дар шаҳри Хуҷанд ва пойтахт таъсис дода шавад.

Аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ ба тавримаҷмуъӣ коркарди якҷояи матоъ, чуб, пластмасса ва оҳан ба роҳ монда шуда, азонҳо мебелҳои хушсифат тайёр карда мешавад.

Баъди шиносоӣ бо шароити кор ваҷараёни истеҳсолот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорониватанӣ баҳри дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳоибаланд дода, онҳоро ба идомаи иқдомҳои созанда ҳидоят карданд.

Боядгуфт, ки ифтитоҳи чунин корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бароисаноатикунонии мамлакат қадами устувору муҳим аст.
 


30 марта 2020, понедельник
Валюта Покупка Продажа НБТ
9.6800 9.7000 9.4396
10.6000 10.6200 10.6196
0.1480 0.1510 0.1445
NAME TIME LAST CHG%
ММВБ 21:55 2327,64 -0,214%
РТС 21:55 1201,32 0,794%
Brent 21:40 79,74 0,416%
DJIA 21:40 24972,87 -0,162%
Nasdaq 21:40 7390,752 -0,044%
FTSE 21:40 7877,45 0,233%
Как Вы оцениваете развитие СЭЗ в Республике Таджикистан?