СЭЗ РТ - Зоны стабильных инвестиций
  • Печать
  • Карта сайта
  • Печать Обратная связь Карта сайта
+992 (37) 223-17-51

Оғози сохтмони 3 корхонаи саноатии бузург дар МОИ Данғара

20-04-2017, 13:41

Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Лоҳур ташриф оварда, дар аввал санги асос ва нома ба наслҳои оянда дар бунёди сохтмони се корхонаи калони саноатӣ гузошт.

Иброз намуданд, ки 3 ширкати бузург ба маблағи беш аз 1 млрд. 600 млн сомонӣ аз ҷониби соҳибкоронии Тоҷикистону Чин сохта ба истифода дода мешавад.  Дар ин ҷо, аз ҷумла, корхонаи истеҳсолӣ семент, корхонаи истеҳсоли шиша ва истеҳсоли сафол сохта мешавад.

Танҳо дар давраи сохтмони ин корхонаҳо тақрибан 1200 аҳолии маҳаллӣ бо ҷои корӣ муваққатӣ таъмин карда мешавад. Баъд аз ифтитоҳи ин корхона қариб 2 ҳазор нафар шаҳрвандони тоҷик бо кори доимӣ таъмин карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии солонаи семент1,6 миллион тонна, истеҳсолии сафолҳо -. 3 млн м2 ва истеҳсоли шиша -.  қариб 2 миллион тонна хоҳанд расид.

Чунин иқтидори истеҳсолӣ, махсусан, дар соҳаи истеҳсоли семент, бо назардошти имкониятҳои дигар нерӯгоҳҳои семент, имкон медиҳад, ки Тоҷикистон аз кишвар воридоткунанда ба кишвари содироткунанда мубадал гардад.

Дар МОИ«Данғара» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва соҳибкорони вилояти Хатлон мулоқот намуд. Президент, пеш аз ҳама, ба ҳамаи онҳо оғози сохтмони се иншооти бузург табрик намуда ва ба ҳамаи бинокорон ва сармоягузорони ин ширкатҳо барори кор таманно намуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, бо ёдоварӣ аз имкониятҳои бузурги вилояти Хатлон, ва мардуми меҳнатдӯсти он, бахусус соҳибкорон, ҷиҳати минбаъд баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, инчунин ба истифодаи самараноки заминҳои оби ва дар ин замина афзоиши истеҳсол ва содироти меваю сабзавот, ташкили корхонаҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣтаъкид намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми созандаи вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Данғара, барои шукуфои ватани азизамон минбаъд низ саҳми сазовор мегузоранд.


2 июля 2020, четверг
Валюта Покупка Продажа НБТ
9.6800 9.7000 9.4396
10.6000 10.6200 10.6196
0.1480 0.1510 0.1445
NAME TIME LAST CHG%
ММВБ 21:55 2327,64 -0,214%
РТС 21:55 1201,32 0,794%
Brent 21:40 79,74 0,416%
DJIA 21:40 24972,87 -0,162%
Nasdaq 21:40 7390,752 -0,044%
FTSE 21:40 7877,45 0,233%
Как Вы оцениваете развитие СЭЗ в Республике Таджикистан?