Густариш додани ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус

     20 апрели соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Александрович Денисенко баргузор гардид, ки дар доираи он густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
     Дар вохӯрӣ масъалаҳои таъсиси корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли қолинҳо дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», афзоиши содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз қабили меваю сабзавот, меваҳои хушк ва тақвият додани ҳамкориҳо дар самти рақамикунонӣ баррасӣ гардиданд.Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба бо истифода аз имкониятҳои зиёди мавҷуда баён намуданд.

Тоҷикӣ
Тасвирбардории рамзи QR: 
http://fez.tj/tg/content/%D0%B3%D1%83%D1%81%D1%82%D0%B0%D1%80%D0%B8%D1%88-%D0%B4%D0%BE%D0%B4%D0%B0%D0%BD%D0%B8-%D2%B3%D0%B0%D0%BC%D0%BA%D0%BE%D1%80%D0%B8%D2%B3%D0%BE-%D0%B1%D0%B0%D0%B9%D0%BD%D0%B8-%D2%B7%D1%83%D0%BC%D2%B3%D1%83%D1%80%D0%B8%D0%B8-%D1%82%D0%BE%D2%B7%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%BD-%D0%B2%D0%B0-%D2%B7%D1%83%D0%BC%D2%B3%D1%83%D1%80%D0%B8%D0%B8-%D0%B1%D0%B5%D0%BB%D0%B0%D1%80%D1%83%D1%81

Менюи бузург: